Ба гузориши хабарии Абна, маҷаллаи амрикоии Форин Полисӣ навиштааст, ки яке аз барҷастатарин хусусиятҳои сиёсати хориҷии Амрико дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, такяи аз ҳад зиёд ба қудрати сахт – яъне қудрати низомӣ ва фишори иқтисодӣ – ва нодида гирифтани тақрибан пурраи «қудрати нарм»-и Амрико мебошад.
Стивен Валт, яке аз нависандагони ин маҷалла ва профессори муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард, дар мақолае дар ин бора навиштааст, ки Амрико дар гузашта дар сиёсати омезиши қудрати сахт ва нарм табаҳҳур дошт, ки ба он як бартарии ҷаҳонии беназир мебахшид, аммо ин тавозун дар давраи Трамп ба шиддат аз байн рафтааст.
Валт бовар дорад, ки равиши Трамп инъикоси «эътимоди мутлақ ба қудрати сахт» ва нафрати тақрибан пурра аз қудрати нарм мебошад. Ӯ истифодаи ҳамлаваризи тарифҳо барои фишор овардан ба иттифоқчиён, даргир шудан дар амалиётҳои низомии мукаррар дар якчанд кишвар ва қарори оғози ҷанг алайҳи Эронро аз ҷумлаи мусодиқи ин мавзӯъ унвон ва таъкид кард, ки ин сиёсатҳо аз ин бовар сарчашма мегиранд, ки қудрат ва маҷбуркунӣ барои расидан ба ҳадафҳои Амрико кофист.
Ба навиштаи Валт, он чи ин равишро нигаронкунандатар мекунад, на танҳо такя ба маҷбуркунӣ, балки набудани ҳар гуна кӯшиш барои асоснок ё қонунисоз кардани он мебошад. Кишварҳои бузург одатан кӯшиш мекунанд «мушти оҳанини худро дар дастпӯшаки махмалӣ пинҳон кунанд» ва барои амалҳои худ асосҳои ҳуқуқӣ ё ахлоқӣ пешниҳод кунанд, аммо Трамп ба ин бовар надорад.
Як нашрияи амрикоӣ навиштааст, ки равиши Трамп дар такяи мутлақ ба «қудрати сахт» ва ҳазфи «қудрати нарм» нуфузи Амрикоро дар ҷаҳон коҳиш медиҳад ва ба эътибори ин кишвар зарар мерасонад.
Your Comment